Изҳори миннатдории Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар Екатеринбург ба Консули генералии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар нотаи худ аз 2 октябри соли 2020 ба ҳайати кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Консули генералӣ Зафар Саидзода  изҳори миннатдорӣ намуд.

Тавре ки аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дар санади мазкур, аз ҷумла, омадааст: «Дилсӯзӣ, касбият ва таъҷилияти фаъолияти шумо дар кори ташкили парвозҳои вобаста ба бозгардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Россия шароити мусоидро на танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои кормандони мақомоти давлатии Федератсияи Россия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар фазои роҳати корӣ фароҳам сохт”.

Намояндагӣ инчунин дар кори ташкили парвозҳои бозгардонии шаҳрвандони Федератсияи Россия аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонистанд ба ватани худ ба назди хешовандон ва дӯстонашон баргарданд, мусоидат намуд.

 

Октябрь 5, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд