«Камол – устоди бузурги забон» ба дасти хонанда расид

Октябрь 4, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 04.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бо ҳамкории кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Камол – устоди бузурги забон» тавассути нашриёти «Ношир» китоби нав чоп намуд.

Тибқи иттилои директори «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»  Баҳром Раҳматов, китоб ҷилди чаҳоруми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» буда, бо кӯшиши корманди МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Фирӯза Қодирова таҳия шудааст.

Дар китоби мазкур дар доираи 28 мақола паҳлӯҳои мухталифи забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ: воҳидҳои савтӣ, лексикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, фразеологиро  мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Умуман мақолоти китоб бештар дар доираи ғановату назокат ва ҷолибияти забони ғазалҳои дилошӯби шоир буда, фикру андешаҳои муҳаққиқони гузаштаву ҳозираро доир ба ин падида фаро гирифтаанд.

Баҳром Раҳматов афзуд, ки «тадвини ин маҷмӯа ҷойгоҳи нопурраи доираи забоншиносии эҷодиёти шоирро мукаммал месозад. Аҳамияти маҷмӯа низ дар мушаххассозии кори минбаъдаи муҳаққиқон зоҳир мегардад, зеро зимни дастрассозӣ ва мутолиаи китоб бо нуктаҳои баррасиёфта ва аз назармондаи таҳқиқ шинос шудан имкон дорад ва дар заминаи он таҳқиқоти густардаи паҳлӯи дигари забони шоир ба миён хоҳад омад.

Бо омӯзиши мероси бозмондаи ин суханвар муайян сохтани як марҳалаи ташаккули забони тоҷикӣ-форсии мовароуннаҳрӣ имконпазир мегардад, зеро эҷодиёти хушоянди шоир далели раднопазир аз маҳорати устодонааш вобаста ба қисматҳои гуногуни забоншиносӣ мебошад».

Октябрь 4, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд