Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як рӯз 320 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

Октябрь 28, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол нақша доранд, ки ба хирмани мамлакат 18 200 тонна пахта ҳамроҳ намоянд. То имрӯз кишоварзон 13 234 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардаанд. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кумаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ёва рафта, бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд»,-афзуд манбаъ.

Октябрь 28, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст