«Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» дар Бадахшон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. «Корвони зиддимухаддиротӣ -2020», ки бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ гардида буд, ба шаҳри Хоруғ расид.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши навбатӣ, ки дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ доир гардид, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбию техникӣ, намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ, инчунин варзишгарон иштирок намуданд.
«Корвони зиддимухаддиротӣ — 2020» таҳти шиори «Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи ин корвон роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир дар ҷомеа мебошад.
Тибқи нақшаи корвони мазкур, дар толори маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, шашка ва шоҳмот гузаронида шуданд.
Зимни ҳамоиш муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода аз номи роҳбарони вилоят ба созмондиҳандагони «Корвони зиддимухаддиротӣ -2020» изҳори сипос намуда, зикр кард, ки таъсири манфии ин падидаи номатлуб метавонад ба тамоми табақаи ҷомеа зарар расонад.
Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Сафарализода иброз дошт, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, бахусус истеъмоли он ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Зикр шуд, ки «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ ба шумор рафта, Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута ҳамкории самараноки худро дар самти пешгирии нашъамандӣ тақвият бахшида, дар коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир тадбирҳои судманд андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






