Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид

Октябрь 2, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва пешниҳодоти ташкилоту созмонҳои  узви  Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои соли 2021 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад  АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиботи Шӯрои ҷамъиятии ҶТ.   

Бино ба иттилои манбаъ, оид ба лоиҳаи қонуни мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, муовини якуми Прокурори генералӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини якуми Вазири адлия Шараф Каримзода, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ва муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев ибрози назар намуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа посухҳои муфассал доданд.

Зимни мубоҳиса оид ба масъалаи болозикр раисони ташкилоту созмонҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ Ф. Раҳимӣ,  С. Усмонзода,  У. Бобозода,  И. Файзизода, Ш. Каримов,  Б. Қурбониён, А.  Мӯсоев, Б. Зуҳуриддинов,   С. Сайфуллоев,  В. Ким, Р. Мусоева,   М. Улҷабоева,    А. Маҳмадазимов ва дигарон сухан гуфта,  фикру мулоҳизаҳои худро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор карданд.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои ташкилоту созмонҳои  узви Шӯрои ҷамъиятиро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»  ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба сохторҳои марбута ирсол намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Н.Саидов иброз намуд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ тасмим гирифтааст тавассути нашри мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти Роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғоту ташвиқотро пурзӯр намоянд.

Октябрь 2, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд