Оғози татбиқи дуюми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти баланд бардоштани самаранокии неруи барқ
ДУШАНБЕ, 17.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи дуюми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти баланд бардоштани самаранокии неруи барқ ва гузаштан ба неруи барқи таҷдидшаванда дирӯз бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии салоҳиятдори соҳаи сайёҳӣ ва Ассотсиатсияҳои дар ҷомеа асосёфтаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар видеоконфронс ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони татбиқкунандаи лоиҳа – Маркази Тоҷикистон ва Норвегия оид ба рушди устувор (Tajnor consulting) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд.
Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳор дошт, ки рушди технологияи неруи барқи таҷдидшаванда самаранокии истифодаи неруи барқро боло бурда, ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро дар муҳити зист коҳиш медиҳад.
Гузаштан ба неруи барқи таҷдидшаванда дар покиза нигоҳ доштани табиат нақши барҷаста дошта, барои рушди босуботи саёҳати экологӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Дар шароити ҳукмронии буҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, хусусан дар самти рушди инфрасохтори неруи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншооти сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мавриди ёдоварист, ки як моҳ қабл марҳилаи аввали татбиқи якуми лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупо дар доираи ташаббусҳои Роҳи Абрешим оғоз гардида буд.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






