ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда ва камабр мешавад

Октябрь 12, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят шабона барф меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар  баъзе ҳолатҳо камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабр  шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабр  шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 9 +14 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона 15+17 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 12, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд