Оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» мизи мудаввар баргузор шуд

Октябрь 29, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони  вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, 17 марти соли 2020 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату суббот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонун бояд қабул карда шавад ва он ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишавандава ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад».

Соҳаи кишоварзӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат вазифаҳои гуногунҷабҳа  ба зимма дошта, ҳамчунин барои аз модели аграрӣ – саноатӣ ба модели саноатӣ – аграрии рушд табдил додани иқтисодиёти миллӣ мавқеи хосса ишғол менамояд.

Аз рӯи масъалаи мазкур ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов иброз доштанд, ки дар давраи истиқлоли давлатии мамлакат барои мутобиқгардонии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ ва  бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои соҳавӣ ва барномаҳои гуногуни махсуси давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд.

Гузаронидани ислоҳоти замин, иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва муҳайё  намудани шароит барои рушди баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин ташаккули иқтисодиёти бисёрҷабҳаро    таъмин намуд. Дар раванди ислоҳоти замин зиёда аз 180 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки  ҳоло мустақилона сохтори кишти зироат, парвариши намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, бозори фурӯши маҳсулот ва дигар самҳои фаъолиятро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд, ташкил ёфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки додани мустақилият дар интихоби самти хоҷагидорӣ имкон дод, ки  «маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ соли охир 2 маротиба зиёд гардад. Афзудани миқдори хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна муаммоҳои навро дар пешбурди соҳа ба миён овардааст.

Зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи ҳосилнокии зироат ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд. Масалан, ҳосилнокии ғалладона ба ҳисоби миёна дар 5 соли охир дар сатҳи 28-сентнерӣ аз ҳар гектар, пахта 18,6, картошка 208, сабзавот 251,4 ва мевагиҳо 40,2-сентнерӣ қарор доранд. Ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов ба 1706 килограмм баробар мебошад.

На ҳама вақт  маълумоти таҳлилӣ оид ба вазъи бозори аграрии мамлакат сари вақт пешниҳод мегарданд, ки барои танзими он зарур мебошанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ,  болоравии нархҳои маҳсулоти чорвою паранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли худро талаб мекунанд. Сатҳи дастгирии давлатии соҳа низ ба талаботи пешбурди соҳа мусоидат намекунад.

Дар натиҷа дар соҳа муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сиёсати истифодаи заминро муайян мекунанд, ки ин яке аз сабабҳои зуд  — зуд тағйирёбии нархҳо мебошад. Ин ҳолат ҳамчунин сабаби аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ  гардида истодааст.

Ҳоло ҳалли масъалаҳои ташаккули сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии (интегратсияи) онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ,   ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурӯши маҳсулот, дастгирии давлатии соҳа ва дигарҳо таваҷҷуҳи махсус талаб менамоянд.

Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» қабул гардид, ки вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳа муқаррар шуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин заминаи ҳуқуқии танзими самтҳои алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳа пешбинӣ гардидаанд.

Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосан заминаи ҳуқуқии маблағгузорӣ (кумаки молиявӣ) ба соҳа ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» самтҳои таъмини амнияту истиқлоли озуқаворӣ ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар Кодекси замини Тоҷикистон татбиқи меъёрҳои заминаи ҳуқуқии муносибатҳои истифодаи замин, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» (соли 1992 қабул гардидааст)  пешбинӣ менамояд, низ инъикоси пурра ёфтаанд.

Соҳаи кишоварзӣ барои саноатикунони босуръати ҷумҳурӣ мавқеи хосса дорад. Ҳамзамон муаммоҳои солҳои охир дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омада – такрорёбии буҳрони иқтисодиву молиявӣ, таъсири тағйирёбии иқлим, пандемия  заруратро барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқавории истеҳсоли худӣ талаб менамояд. Тоҷикистон имкони табиии афзун намудани озуқавориро дорад. Танҳо зарур аст, ки ҷойгиронии саноати хӣрокворӣ ва ташаккули низоми логистикӣ, яъне дар сатҳи баланд пешгирӣ намудани талафи маҳсулоти соҳа, дастгирии устувори давлатии соҳа ва дигар масъалаҳо ҳалли худро ёбанд.

Умуман, масъалаҳои ташаккули сохтори институтсионалӣ, муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, якҷояшавии онҳо бо корхонаҳои коркарду шабакаҳои савдо, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ,   ҳимояи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар бозори фурӯши маҳсулот, дастгирии давлатӣ  ва дигарҳо инъикоси пурра, шаффоф ва таваҷҷуҳи махсусро дар сиёсати давлатии аграрӣ талаб менамоянд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти такмили мунтазами муносибатҳои ҷамъиятӣ,  мутобиқ гардонидани пешбурди соҳа ва ҳудудҳои он ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зарурат барои муайян намудани заминаи ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии аграрӣ, танзим ва идоракунии соҳа ба миён овардааст.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудаввар  якчанд таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Октябрь 29, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид