Олимон муайян кардаанд, ки пӯшидани ниқоб метавонад таҳдиди сирояти коронавирусро 80% коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ниқобҳои ҷарроҳӣ метавонанд дар баъзе ҳолатҳо хатари ба бадан ворид шудани коронавирусро ҳатто то 80% коҳиш диҳанд, аммо онро то охир рафъ намекунанд. Инро як таҷрибаи беназир, ки дар Пажӯҳишгоҳи тиббии назди Донишгоҳи Токио гузаронида шудааст, нишон дод. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Япония NHK 22 октябр иттилоъ додааст.
Мутахассисон ба сарҳои манекенҳо сенсорҳоро насб ва дар як ҷойи пӯшида дар фосилаи 50 см ҷойгир карданд. Яке аз онҳо аз ҳавои атроф нафас мекашид ва дуввумин ба сӯи ӯ коронавирусро бо оби даҳон меандохт, мисле, ки сулфа мекарда бошад.
Ҳангоми истифодаи ниқоби матоъгин дар саре, ки нафас мекашид, ҷаббиши коронавирус 17% ва ҳангоми истифодаи ниқоби маъмулии сеқабатаи ҷарроҳӣ 47% коҳиш ёфт. Респиратори махсусгардонидашудаи навъи N 95 ҷаббиши коронавирусро тақрибан 79% коҳиш дод.
Агар матоъ ё ниқоби ҷарроҳӣ ба сари ихроҷкунандаи коронавирус пӯшонида мешуд, дар ин ҳолат ҷаббиши он дар сари бе ниқоби нафаскаш беш аз 70% коҳиш меёфт.
Истифодаи ниқобҳои ҷарроҳӣ дар ҳарду маникен миқдори вирусҳои ба бадан воридшавандаро 80% коҳиш дод, аммо таҳдиди сироятёбиро комилан рафъ накард.
Профессор Ёсихиро Каваока, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотчиён ба хабарнигорон гуфт, ки чунин озмоиш бо истифода аз коронавирус бори аввал сурат гирифт. «Таҷрибаҳои мо нишон доданд, ки, — зикр кард ӯ, — пӯшидани ниқоб ҳангоми пандемия хеле муҳим аст, аммо набояд ба он аз ҳад зиёд бовар кард».
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






