«ҶОМЕАРО АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МАЪРИФАТИ БАЛАНД НАҶОТ МЕДИҲАД». Мулоҳизаҳои Боймурод Файзуллоев, сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумрук доир ба ин мавзуъ

Октябрь 17, 2020 09:43

ДУШАНБЕ, 17.10.2020с. /АМИТ «Ховар»/. 16-уми октябр дар канори шаҳри Париж як ҷавони 18-сола сари муаллими таърихро бурид, ки ин амалро Президенти Франсия Эммануэл Макрон ҳодисаи террористӣ унвон кард. Ҳодисаҳои террористӣ рӯз то рӯз дар Афғонистони ҳамсоя низ рӯ ба афзоиш аст. Масалан, 16 октябр дар ҳамлаҳои террористӣ дар вилоятҳои Ғур ва Пактиёи Афғонистон ҳафт нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар маҷмӯъ, 16 октябр дар Афғонистон ду инфиҷор рух дод.

Ҳарчанд донишмандон ва коршиносон, аз ҷумла Михаэл Лейтман (Исроил) мегӯяд, ки баъди вабои аср бояд ҷаҳон дигар шавад, террористон ба худ оянд, аммо ба худ намеоянд ва дар давраи пандемия низ корҳои сиёҳашонро идома медиҳанд. Амалҳои куштор ва ифртгароиву террористӣ аз ҷониби ҷавонон имрӯз ҷомеаро беш аз пеш ба тавшвиш овардааст.

Доир ба пешгирии амалҳои террористиву ифротгароӣ, бахусус дар миёни ҷавонон Боймурод ФАЙЗУЛЛОЕВ, Сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:   

-Терроризм ва экстремизм дар тамоми шаклҳои зуҳури худ дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи ин падидаҳо дар сархати вазифаҳои асосии мақомоти дахлдор ва тамоми аҳли башар қарор дорад. Ҳамон тавр ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр  мекунанд: «Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт. Чӣ коре накунем, чӣ эътилофҳое насозем, ҳар қадар қувваи ҳарбиро ба кор набарем, агар механизми худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо фақат аз омилҳои зоҳирии ин маризӣ раҳоӣ меёбему халос».

Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм дар ҳаёти ҷамъиятӣ падидаи ҳузнангез буда,  оқибатҳои таҳлукаангезу даҳшатбор доранд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо экстремизмро  тавассути  пешгирии аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани маводои экстремистӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, моддаҳои заҳрнок, инчунин, адабиёт, варақа, маводи видеоӣ ва аудиоии дорои мазмуни экстремистӣ амалӣ мегардонад.

Терроризм чист? Мувофиқи моддаи 179-и КҶ ҶТ, терроризм, ин  яъне «содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимиятӣ қабул намудан, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо амалӣ шуда бошад».

Дар моддаи болозикр  ибораи «расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол» ба ҳадди муайяни маблағ маҳдуд нашуда, балки ин амал аз қабили зараррасонӣ, несту нобуд кардан ва ё таҳдид то  чӣ дараҷа ба шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ хусусияти таъсиррасониро дорост, муайян менамояд.

Дар зери мафҳуми ибораи «ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок» зарар расонидан ба саломатии одамон, ба муҳлати дароз аз кор мондани корхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, заҳролудкунии ҳудуди калони маҳал, вайрон намудани низоми кори мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ва ба ҳамин монанд ҳолатҳо, фаҳмида мешавад. Экстремизм (ифротгароӣ)  ва терроризм ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро маҳз экстремизм боиси ба вуҷуд омадани амалҳои террористӣ мегардад.

Шахсе, ки дар омода намудани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар шахс худаш танҳо бошад ва то содиршавии ҷиноят ба мақомоти давлатӣ хабар диҳад, он гоҳ ӯ тибқи моддаи 34 КҶ ҶТ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Терроризм ҳамчун ҷинояти дорои характери байналмилалӣ  сарҳад надорад. Худи тероррист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин, тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки ислом дини пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, қалби пок ва сулҳу суботро мепарастад.

Созмон ва ташкилоти террористӣ аз бесаводиву каммаърифатии ҷавонон истифода бурда, манфиатҳои хешро бароварда месозанд.

Фоҷеаи куштори сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли 2018 дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара сурат гирифт, ҳодисаи мудҳишу гӯшношуниде буд барои тоҷикону тоҷикистониён. Зеро таърих ёд надорад, ки ягон фарди тоҷик қотили меҳмонони Ватан шуда бошад. Агарчи ташрифи сайёҳони хориҷӣ аз як тараф барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолии мамлакат мусоидат намояд, дар дараҷаи дуюм барои таҳкими дӯстӣ ва сулҳу субот миёни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Олимону сиёсатмадорони кишварҳои абарқудрат аллакай ба хулосае омадаанд, ки яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҳарбии замонавӣ бо вуҷуди имконоти зиёдашон барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳаракати экстремистӣ ва террористӣ басанда нест.

Аксаран ба қатори гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ наврасон, хусусан, ҷавононро ҷалбу шомил менамоянд, зеро  наврасон ва хусусан ҷавонон неруи созанда буда, завқу шавқ ба навигарӣ ва  пешсафиву қаҳрамонӣ доранд. Аз ин ҷост, ки бетаҷрибагии онҳоро ифротгароёни бадхоҳ истифода бурда, бо ҳиллаву найранг ва фароҳам овардани василаи ба майлу хоҳишҳояшон мувофиқ, ба худ ҷалб карда, шомили гурӯҳҳои ифротӣ месозанд.

Ҳар касе сухани неку дурустро сарфаҳм нараваду дарк накунад, ақлу қалби инсонӣ надорад. Ва ё дардро эҳсос накунад, аз одаму одамгарӣ бехабар аст. Пас, андеша намо! Ватан ба ту чӣ бадӣ кард ва ё чӣ  бадие аз он дидаӣ? Дар зодгоҳе, ки ворастӣ, забон ва қалбат олудаи Ватан гаштааст. Аз душман қути лоямут умед мабанд. Дониста бош, ки хоини ватан худ бештар дар ваҳшоният  зиндагӣ менамояд. Амалҳои зишту фоҷиаовар дасти туро аз Ватан, падару модар ва наздикону дӯстон дур месозад, ки ғайрати баргаштан намекунӣ.

Дар суханҳои ҳикматомези худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса доранд, таъкид намудаанд: «Мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд”.

Ҷавонон бояд донанд, ки  касоне, ки шахси бегуноҳ ва мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум месозад, гурӯҳҳое, ки ба куштори дастаҷамъӣ, ба ҳалокат расонидани шаҳрвандон ба таври оммавӣ даст мезананд, онҳое, ки ҷойҳои бо заҳматҳо обод кардаи сокинони кишварро бо амалиёти нопоки худ харобу валангор карда, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ мусулмон буда наметавонанд.

Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амри зарурист. Ҳар  як истиқоматкунанда ва шаҳрванди кишварро мебояд аз масоили сиёсӣ огоҳ, бо ҳам муттаҳид ва якмаром бошад. Дар умури давлатдорӣ фаъолона ширкат варзида, барои ҳифзи озодию истиқлоли Тоҷикистон устуворона ва бо қатъият саҳм гузорад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди ин мамлакат бояд ободию осудагии Ватан ва  арзишҳои миллиро вазифаи ҷонии хеш шуморад.

Октябрь 17, 2020 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад