«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Баҳри дарёфти он дар Душанбе даври сеюми Мусобиқаи шоҳмот ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Куруши Кабир» маросими ҷамъбасти даври сеюми Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо миёни наврасон Томирис Хоҷаева, Рустам Асрорӣ, миёни духтарон Марҳабо Абдураҳмонова, миёни писарон, Абубакр Ҳамроев, миёни бонувон Нигора Хоҷаева ва миёни мардон Фарҳод Муминов ғолиби ҷои аввал шуданд. Байни варзишгарони касбӣ Сабрина Абророва, Ҷалолиддини Илҳомӣ, Мутриба Ҳотамӣ, Аминҷон Қобилов, Саодат Одинаева ва Ҷамшед Исаев сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Ба ғолибон туҳфа ва сипоснома тақдим шуд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт Шоҳзод Раҳимзода иштирок намуданд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногун аҳамияти муҳим дошта, он баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.
«Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯ, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, фикрронии мустақилона ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд. Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик буда, тавассути ин бозӣ метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат.
Ба андешаи Шоҳзод Раҳимзода, солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш, хусусан бозии шоҳмот зиёд буда, дар ин самт мусобиқаҳои гуногун доир карда мешаванд. Бо дарназардошти ин, моҳи августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷорӣ кардани дарси шоҳмотро дар мактабҳои мамлакат таъкид карда буданд.
Пас аз он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсиро бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Асосҳои шатранҷ» нашр кард, ки дар он қоидаҳо ва маҷмӯи комбинатсияҳои ин бозии қадимии мардуми мо дарҷ ёфтаанд,- зикр намуд номбурда.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






