«Орзу-2026» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 октябр дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор марҳилаи финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола доир гашт. Дар ин марҳила чор дастаи беҳтарини марҳилаи аввал–«Орзу-2026»-и Академияи ФФТ, «Ашт»-и ноҳияи Ашт, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «ММВЗО»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар асоси низомномаи чемпионат марҳилаи финалӣ тибқи системаи даврӣ дар як давра доир гардид. Холҳои дастаҳо, ки дар марҳилаи аввал ба даст оварда буданд, дар марҳилаи финалӣ ба ҳисоб гирифта шуданд. Дар қисмати ниҳоии чемпионат бозингарони Академияи ФФТ бар дастаҳои футболи «Ашт» (5:0), ММВЗО (6:1) ва «Равшан» (3:1) ғалаба карда, медалҳои тиллоро ба даст оварданд.
Аз аввали мавсим шогирдони Рустам Қурбонов 19 бозӣ анҷом дода, дар 18 бозӣ пирӯз шуданд. Онҳо танҳо як бозиро мусовӣ карда, 55 хол ба даст оварданд. Медалҳои нуқра насиби футболбозони ҷавони «Ашт» гардид, ки 37 хол ҷамъ оварданд. Дастаи футболи ҷавонони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ба даст овардани 36 хол соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.
Хотиррасон мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола дар Академияи ФФТ дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро муайян кард – Алиҷон Алиаҳмадов («Равшан»), Умед Муратов (ММВЗО), Сарвар Шодмонов («Ашт») ва Фатҳулло Олимзода («Орзӯ-2026»). Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба Рустам Қурбонов («Орзӯ-2026») тақдим шуд. Абдулло Шарипов (МҶМОВ/ММВЗО), ки ба дарвозаи ҳарифон 31 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан, Кароматулло Боронов («Орзӯ-2026») беҳтарин бозингари чемпионат эълон гардиданд.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






