ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври вилоятии он дар Бадахшон 16 нафар довталаб сазовори ҷойҳои намоён гаштанд

Октябрь 13, 2020 13:18

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар иштирокчиён аз тамоми шаҳру ноҳия ҳои вилояти Бадахшон иштирок намуда,  16 нафар беҳтаринҳо  сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

Тавре аз шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, дар номинатсияҳои суруди эстрадӣ Дилангез Наврӯзшоева аз шаҳри Хоруғ, суруди анъанавӣ Мадина Мамадсахиева аз ноҳияи Рӯшон, суруди академӣ Ҷума Садоншоев аз ноҳияи Роштқалъа,  навозиши эстрадӣ Бӯстон Асратбеков аз ноҳияи Рӯшон, навозиши анъанавӣ Осмон Додихудоев аз шаҳри Хоруғ ва дар навозиши академӣ Шукрона Қадамшоева аз шаҳри Хоруғ мақоми аввалро соҳиб шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ба дигар иштирокчиёни озмун ифтихорномаҳои шуъбаи фарҳанг ва раёсати маорифи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи низомномаи озмуни мазкур, чунин шахсон имкон доранд аз ҳунару истеъдоди худ дарак дода, мутахассисони касбии соҳаи фарҳангро водор созанд, ки минбаъд барои такмили ҳунарашон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Октябрь 13, 2020 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад