Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба оммавигардонии мутолиа такони ҷиддӣ мебахшад

Октябрь 22, 2020 15:57

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва манзалати китобу китобхонаро дар рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни баргузории мизи мудаввар, ки таҳти унвони «Паём-дастури созанда» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, баён дошт, ки соли дуюм аст бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида истодааст. Таваҷҷуҳи хос ва таъкиди ҷузъиёти баргузории озмуни мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан, камолоти насли навраси тоҷик беандоза бузург аст.

Ба таъкиди директори Китобхонаи миллӣ,  бо эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷӯён ба мутолиа ва китоб бештар мегардад, балки он такони ҷиддие барои ба китоб рӯ овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ хоҳад буд.

Дар ҳамин Паёмашон Президенти мамлакат дастур доданд, ки  дар ҳама ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо созмон дода шаванд, то ҳама қишрҳои ҷомеа бо мутолиа пайванд гарданд.  “Ин созандатарин иқдоми Пешвои миллат дар самти соҳибмаърифтии мардуми мамлакат мебошад, ки баргузории ҳамасолаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳадяи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”– ба ҳар як оилаи мамлакат идомаи мантиқии сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти ҷумҳурӣ мебошад”,-гуфт Ҷумахон Файзализода.

Директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ситора Абдумуминзода зикр дошт, ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки «ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд». Ба андешаи Ситора Абдумуминзода, ҳар иқдом ё пешниҳоде, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби  болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Дар мизи мудавваре, ки  таҳти унвони “Паём — дастури созанда» баргузор шуд, чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги мамлакат, махсусан китобдорон ва таҷрибадорони соҳа иштирок ва дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат- таҳаввулгари соҳаи китобдорӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар оммавигардонии мутолиа” маърӯза намуданд.

Октябрь 22, 2020 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид