Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Венгрия омодагӣ мебинанд

Октябрь 8, 2020 08:13

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик Федератсияи байналмилалии дзюдо қарори ниҳоиро дар бораи аз нав ба роҳ мондани мавсими мусобиқаҳо нашр хоҳад кард. Интизор меравад, ки аввалин   мусобиқаи рейтингӣ баъд аз танаффуси тӯлонӣ- ин Тоскулоҳи бузург дар  Будапешти Венгрия мебошад. Баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ аз 23  то 25  октябри соли равон дар назар аст.  Дар ин бора  аз   Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон  ба шореҳи варзишӣ АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд.

Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқа ба кумитаи тадорукот дархост ирсол намудааст. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон нақша дорад, ки  паҳлавонони шинохтаи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадовро  ба шаҳри  Будапешти  давлати  Венгрия сафарбар намояд.

Октябрь 8, 2020 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд