Пагоҳ «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Истанбул парвозҳои мунтазам оғоз менамояд

Октябрь 7, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз пагоҳ, 8 октябр ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» парвозҳои  мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул барқарор менамояд. Парвозҳо ҳафтае як  маротиба- рӯзҳои панҷшанбе иҷро гардида, вақти парвоз аз Душанбе  соати 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ба диққати  мусофирони хатсайри Душанбе-Истанбул мерасонад, ки мутобиқи талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 96 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ пешниҳод карда шавад. Ашхоси мубталои СOVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд, -меафзояд сарчашма.

Инчунин ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии  Истанбул кулли мусофирон аз санҷиши сирояти коронавирус гузаронида мешаванд. Нафароне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, аз ҳисоби худашон ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегиранд. Аз ин лиҳоз доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Душанбе-Истанбул барои эконом-класс 27 кг бо инобати бори дастӣ  ва барои бизнес-класс 40 кг бо инобати бори дастӣ муқаррар шудааст. Ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад.

Бо барқарор гардидани  парвозҳои мунтазам   дар масири Душанбе-Истанбул баъд  аз ҳафт моҳи танаффус интизор меравад, ки ояндаи наздик парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ низ барқарор карда шаванд. Дар ин хусус роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании  ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Октябрь 7, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид