Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо ба Нурсултон Назарбоев ҷиҳати табрикоти гарм ва таманниёти некаш унвонии Пешвои миллат ибрози ташаккур намуданд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистон дар айёми мо ба таври муваффақиятомез рушд ёфта истодаанд ва дар пешбурди ин раванд нақши Нурсултон Назарбоев бузург мебошад.
Инчунин аҳаммияти муносибатҳои дерини бародарона ва дӯстии наздики ду пешво – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои муосири дустӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Дар ин зимн ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






