Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот намуданд

Октябрь 8, 2020 15:08

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.

Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Президенти мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз рушду пешрафти кишвар, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар хонадони халқ, ки бо талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба даст омадааст, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тамоми захираву имконотро сафарбар кардааст.

Аз ҷумла, барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.

Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,4 млрд сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ татбиқ гардида, боз 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст.

Дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо саъю талоши мардуми ватандӯсти шаҳри Ваҳдат як қатор иншооту биноҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дигар амалҳои хайру савоб анҷом дода шудаанд.

Дар доираи нақшаи ба истиқболи ҷашн тасдиқгардида дар шаҳри Ваҳдат бунёду навсозии 612 иншооту биноҳо пешбинӣ шудааст.

То имрӯз корҳо дар 394 иншоот ба анҷом расида, дар 177 иншооти дигар идома доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳову ташаббусҳои созандаи соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Мардуми заҳматкаши шаҳр якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти ба нақша гирифташуда ва ободу зебо гардонидани диёри худ рӯз ба рӯз саъю талоши бештар карда истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 68 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба 8 моҳи соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 86 фоиз, орд 78 фоиз, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 82 ва равғани растанӣ 51 фоиз коҳиш ёфтааст.

Вобаста ба истифодаи нокифояи захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ роҳбарону мутахассисон вазифадор гардиданд, ки тавассути ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ 107 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои зиёда аз 18 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 94 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ 6 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 1100 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ  ба истифода дода мешавад.

Роҳбарони Вазорати маориф ва илм вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин аҳолӣ барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи маориф чораҷӯӣ намоянд.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 125 табиб ва 90 корманди миёнаи тиббӣ, аз ҷумла аз рӯи ихтисосҳои табиби оилавӣ, мутахассисони сироятшинос, бемориҳои кӯдакона ва баъзе ихтисосҳои дигар намерасанд. Бинобар ин Сарвари давлат масъулони соҳаи тандурустиро вазифадор карданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат дар оянда низ бо саъю талоши ватандӯстона диёри худро боз ҳам ободу зебо гардонида, дар пешрафти давлати соҳибихтёру озоди тоҷикон, ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ваҳдат Асомиддин Сайёдӣ — омӯзгор, Фарзона Ҳалимзода — донишҷӯ, Малоҳат Холиқова — омӯзгор, Фарида Ҳоҷиева ва хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 1-и шаҳри Ваҳдат  бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат 08.10.2020

Октябрь 8, 2020 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд