ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАЙАТИ НАВИ ҲУКУМАТРО ТАСДИҚ КАРД. Роҳбари Анҷумани тоҷикони кишвар муовини сарвазир таъйин шуд

Октябрь 14, 2020 16:33

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз, 14 октябр фармонро «Дар бораи таъйин кардани сарвазир ва аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон» имзо кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории давлатии «КАБАР».

Тибқи фармони Президент, Садир Ҷапаров сарвазир, Артем Новиков — муовини аввали сарвазир, Максат Мамитканов, Аида Исмоилова, Равшанбек Собиров — муовинони сарвазири кишвар таъйин шуданд.

Инчунин бо фармони мазкур шахсони зерин таъйин шуданд: Руслан Казакбоев — Вазири корҳои хориҷӣ, Марат Ҷаманқулов — Вазири адлия, Киёлбек Мукашев — Вазири молия, Санҷар Мукамбетов — Вазири иқтисод, Улан Ниёзбеков — Вазири корҳои дохилӣ, Алмазбек Бейшеналиев — Вазири маориф ва илм, Алимқодир Бейшеналиев — Вазири тандурустӣ, маориф ва илм, Бакит Бердалиев — Вазири нақлиёт ва роҳҳо, Эркинбек Чодуев — Вазири кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсия, Бообек Ажикеев — Вазири ҳолатҳои фавқулода, Нурҷигит Қодирбеков — Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ, Улуғбек Қучқоров — Вазири меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, Жиргалбек Сағинбоев — Раиси Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, Алтинбек Исмоилов — Раиси Кумитаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

СОБИРОВ Равшанбек Азатович 18 феврали соли 1970 дар деҳаи Жани-Арики ноҳияи Қарасӯи вилояти Ӯш дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи баҳисобгирӣ ва тиҷорати Донишгоҳи миллии Қирғизистон -ДМҚ (1996), факултаи гумрук ва тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшиносии ДМҚ (1999), Академияи гумруки Россия (1999) мебошад. Вай раиси Анҷумани тоҷикони ба номи Рӯдакии Қирғизистон, муовини раиси Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон мебошад. Дар солҳои 2010-2011 вакили Жогоргу Кенеш (парлумони кишвар) ва муовини раиси кумитаи парлумон оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва алоқа, меъморӣ ва сохтмон буд.

Солҳои 2011-2012 ба ҳайси Вазири рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият кардааст.

6 июли соли 2012  бо гумони ришваситонӣ боздошт ва муваққатан аз вазифа сабукдӯш карда шуд. 21 ноябри соли 2012 Суди ноҳияи Первомайи Бишкек Равшан Собировро бо сабаби «набудани таркиби ҷиноят» сафед кард.

Профессори соҳаи иқтисоди Бунёди байналмилалии хайрияи ба номи Мустафо Камол Отатурк,  Академики Академияи байналмилалии ҷамъиятии ба номи Ч. Айтматов мебошад.

Соли 2008 ӯ бо «Медали тилло» -и Бунёди байналмилалии хайрияи ба номи  Мустафо Камол Отатурк дар номинатсияи «Беҳтарин саховатпешаи аср», «Медали тиллоӣ» -и Бунёди байналмилалии хайрияи ба номи Ҳайдар Алиев барои беҳтарин китоби «Чингиз Айтматов ва тафаккури кайҳонӣ», соли 2009  бо Ифтихорномаи Комиссияи миллӣ оид ба забони давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2010 бо нишони «Барои хизматҳо” дар назди Ватан аз номи Иттифоқи россиягии собиқадорони ҷанги Афғонистон, медали ҷашнии «80-солагии неруҳои ҳавоӣ — десантӣ» аз фармондеҳи неруҳои ҳавоӣ, медали «Иштирокчии амалиёти ҷангӣ» аз фармондеҳи артиши 40-ум, генерали артиш Ермаков В.Ф. мукофотонида шудааст.

Октябрь 14, 2020 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид