Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Октябрь 2, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Мояи сарфарозист, ки ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Амири Давлати Кувайт арз намоям.

Ба Шумо сиҳҳатии комилу дар иҷрои муваффақи рисолати сермасъулатон пирӯзмандӣ, ба мардуми бародари Давлати Кувайт сулҳу суботи пойдор ва таҳти сарварии Шумо гузоштани қадамҳои навини устуворро дар ҷодаи дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии беш аз пеш хоҳонам.

Бо истифода аз фурсати нек қаноатмандии ин ҷонибро аз раванди вусъатёбандаи рушду таҳкими равобити дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт иброз медорам.

Мо ба дурнамои муносибатҳоямон бо Кувайт, ки яке аз шарикони муҳиму боэътимоди мо дар минтақа мебошад, назари некбинона дорем. Дар ин зимн рағбати содиқонаи худро ба ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди самарабахши минбаъдаи раванди мазкур, ки муҷиби хайру баракот барои мардумони кишварҳои мо мебошад, изҳор менамоям.

Аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки нигаҳбони ҳамаи мо бошад.

Лутфан,Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Октябрь 2, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар