Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи стратегии ду кишвар ва як қатор масъалаҳои байналмилалиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Муҳтарам Владимир Путин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро баён дошт.
Дар ин зимн Президенти Федератсияи Россия саҳми шахсии Пешвои миллатро дар рушду таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар, инчунин дар афзун гардонидани робитаҳои судманди ҷонибҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври хосса қайд карданд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо азми худро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаашон аз рӯи тамоми маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ иброз доштанд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






