Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати зодрӯзаш самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хосса таъкид намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯзҳо пешорӯи давлатҳои мо ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омодааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.
Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






