Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

Октябрь 1, 2020 09:01

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида, имсол ба анҷом расонида шуд, ба истифода супурданд.

Гармхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст.

Дар гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир парвариш карда мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат дар ин самт ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза саҳми фаъол доранд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ин гармхонаи замонавӣ бо истифода аз имконоти мавҷуда оянда парвариши сабзавоти барвақтиро васеъ ба роҳ монда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҳамкории зич бо олимону мутахассисон ҳосили фаровон ҳоханд гирифт.

Хоҷагии деҳқонии Отаҷон дар маҷмӯъ дорои 5 гектар замин буда, имсол дар 0,75 гектар гандум, 2,25 гектар сабзавот, 0,85 гектар карам, 0,80 гектар бодиринг, 0,30 гектар помидор, 0,35 гектар дигар номгӯи сабзавот ва 2 гектар полезӣ кишт намуда, ҳамарӯза маҳсулоти истеҳсолшударо ба бозорҳо ба фурӯш мебароранд.

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар 2,85 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ ва сабзавот гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад.

Дар ноҳия Рӯдакӣ айни ҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳо 21 гектарро ташкил дода, ба нақша гирифта шудааст, ки оянда дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд карда шавад.

Ифтитоҳи гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ноҳияи Рӯдакӣ 01.10.2020

Октябрь 1, 2020 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд