Сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва САҲА дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

Октябрь 16, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 16 октябр /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар видеоконференсия ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҷумҳурӣ дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ Музаффар Ҳусейнзода иброз дошт, ки «дар паҳнои САҲА чунин абзори ҳамкорӣ ва гуфтугӯ миёни кишвари мизбон ва Созмон бо иштироки доираи васеи коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор беназир арзёбӣ мегардад. Нишасти мазкур ба мо имкон медиҳад, ки бознигарии комили ҳамкории дуҷонибаро тариқи коркарди лоиҳаҳои муштарак дар се ченаки Созмон таъмин намоем».

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА дар навбати худ аҳамияти Платформаи шарикии машваратиро ҳатто дар шароити душвори бемории ҳамагири COVID-19 ҷиҳати идомаи ҳамкории қавӣ ва амалӣ байни САҲА ва Тоҷикистон таъкид кард. Номбурда Дафтари САҲА-ро барои андешидани иқдоми фаврӣ дар мутобиқсозии фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон ситоиш кард. Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмон инчунин аз нақши Тоҷикистон дар густариши ҳамкории қавии минтақавӣ ва таҳкими субот дар минтақа изҳори сипос кард. Номбурда аз ҷумла фаъолияти Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршадро дар Душанбе зикр намуд.

Октябрь 16, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд