Шаҳри Исфара маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Артиши мамлакат шаҳри Исфара маъракаи даъвати тирамоҳиро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона анҷом дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ин рӯз 225 нафар ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ки ихтиёран азми хизмати Модар – Ватан доштанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, дар он Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидону ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Исфара зикр намуд, ки аҷдодони мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд.
«Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, метавон қаҳрамон ва ватандор номида, бо такя ба номи поки онҳо ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд», — гуфт Акрам Сулаймонзода.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ, падари даъватшаванда аз деҳаи Чилгазӣ Хуршед Ғаффоров ва донишҷӯдухтар Рухшона Расулзода сухан карда, бо изҳори сипос ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршуда иброз доштанд, ки барои ҳар ҷавонмарди мамлакат Ватан муқаддас буда, хизмати ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.
Даъватшаванда Муҳаммадазиз Қодиров изҳор дошт, ки ҳизмати ҳарбӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар аст. Номбурда аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангӣ доир шуд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






