СММ ҳамла ба маркази таълимӣ дар Кобул ва идома ёфтани хушунатро дар саросари Афғонистон маҳкум кард

Октябрь 29, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш раванди ҳаводиси Афғонистонро, ки дар чанд рӯзи охир дар он ҷо чандин ҳамлаҳои террористӣ  сурат гирифтанд ва ҳаёти даҳҳо нафарро рабуданд, бо изтироб назорат мекунад, менависад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти хабаргузории СММ.

Роҳбари СММ, аз ҷумла, ҳамларо ба маркази таълимии пойтахти Афғонистон- шаҳри Кобул, ки бар асари он 25 ғайринизомӣ, аксаран кӯдакон кушта шуданд, маҳкум кард. Зиёда аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷангҷӯёни ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

«Дабири кулл хотиррасон мекунад, ки ҳамлаи бадқасдона ба аҳолии осоишта нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона аст ва онро метавон ҳамчун ҷинояти ҳарбӣ номид. Онҳое, ки чунин ҷиноятҳоро содир мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”, — зикр шудааст дар изҳороте, ки котиби матбуоти Дабири кулл — Стефан Дюжаррик аз номи ӯ пахш кардааст.

Аъзои Шӯрои Амнияти СММ низ ҳамларо ба маркази омӯзишӣ дар Кобул маҳкум карданд. Онҳо аз хушунатҳои бардавом, ки боиси марги шаҳрвандон мешаванд ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аъзои Шӯрои Амният аз даъвати Дабири кулл оид ба оташбаси фарогир дар давраи пандемияи COVID-19, ки онро дар қатъномаи 2532-и худ онҳо дастгирӣ карда буданд, ёдовар шуданд.

Аъзои Шӯрои Амният хотиррасон кардаанд, ки терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроти он яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошад. Ҳамлаҳои бадқасдона ба кӯдакон ва муассисаҳои таълимӣ — ҷинояти мудҳиш ва сазовори маҳкум шудан аст», — омадааст дар изҳороти Шӯрои Амният.

ДАР АКС: Кобул, Афғонистон. Акси Намояндагии СММ дар Афғонистон/ Фрешта Дун

 

Октябрь 29, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид