Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 15-20% -и беморони аз коронавирус шифоёфта давоми чанд моҳ пас аз шифо ёфтан ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Дар ин бора директори Институти илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи Пастер, академики Академияи илмҳои Россия Арег Тотолян иброз намудааст, хабар медиҳад ТАСС.
«Аз ҷумлаи шифоёфтагон (аз беморӣ вобаста ба коронавируси нав — шарҳи ТАСС) тақрибан 15-20% онҳо ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Яъне системаи эминии бадан ба сатҳи ками ҷисмҳои бегонаи зиддиуфунатӣ вокуниш нишон додааст ва пас аз як-ду моҳ аз ин ҷисмҳои зиддиуфунатӣ нишоне боқӣ намондааст», — гуфт ӯ.
Аз оғози пандемия дар ҷаҳон тақрибан 38,6 миллион нафар мубталои коронавирус шуда, тақрибан 1 миллиону 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Россия тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус 1 399 334 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, ки беш аз 1 млн нафар шифо ёфтаву 24187 нафар ҷон бохтаанд.
Акси ТАСС








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






