Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос

Октябрь 19, 2020 12:15

ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 15-20% -и беморони аз коронавирус шифоёфта давоми чанд моҳ пас аз шифо ёфтан  ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Дар ин бора директори Институти илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи Пастер, академики Академияи илмҳои Россия Арег Тотолян иброз намудааст, хабар медиҳад ТАСС.

«Аз ҷумлаи шифоёфтагон (аз беморӣ вобаста ба  коронавируси нав — шарҳи ТАСС) тақрибан 15-20% онҳо ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Яъне системаи эминии бадан ба сатҳи ками ҷисмҳои бегонаи зиддиуфунатӣ вокуниш нишон додааст ва пас аз як-ду моҳ аз ин ҷисмҳои зиддиуфунатӣ  нишоне боқӣ намондааст», — гуфт ӯ.

Аз оғози пандемия дар ҷаҳон тақрибан 38,6 миллион нафар мубталои  коронавирус шуда, тақрибан 1 миллиону 11 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Россия тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус 1 399 334 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, ки беш аз 1 млн нафар шифо ёфтаву  24187 нафар ҷон бохтаанд.

                                                                 Акси ТАСС

Октябрь 19, 2020 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид