Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2020 17:19

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед, ки Шуморо ҷиҳати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Бо камоли майл аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам боварии устувори худро ҷиҳати он, ки  муносиботи ҳасанаи анъанавии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам муваффақона идома хоҳанд ёфт, иброз намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, қабл аз ҳама саломатии бардавом ва дар кору ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои фаровон таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз дуруду салом,

Боиси фараҳмандии инҷониб аст, ки паёми шодбошии худро ба Шумо Ҷаноби Олӣ ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президентии кишвари дӯсти Тоҷикистон арз намоям.

Ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби Президентӣ ин шинохти воқеии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба шумор рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми  Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул ба Шумо эътимод ва боварӣ дорад.

Ҳамчунин,  ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямонро дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям.

Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва комёбиҳо дар иҷрои вазифаи ба ӯҳдаатон гузошташуда, ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Абдул Ҳамид дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо аксарияти мутлақи овозҳо ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику муборакбод намоям. Ин пирӯзӣ далели изҳори эътимоди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвоии Шумо мебошад.

Бовар дорам, ки муносиботи гарми мавҷудаи байни Бангладешу Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Шумо ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам идома хоҳанд ёфт. Ман ба ҳамкории зичи мо дар  таҳкими равобити тарафайн бар нафъи мардумонамон умед мебандам.

Ба Шумо саломатии қавӣ, умри дарозу хушбахтӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, тараққӣ ва шукуфоӣ хоҳонам.

Ҷаноби Олӣ, лутфан эҳтиромоти фоиқаи ин ҷонибро бипазиред».

 

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Октябрь 23, 2020 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар