Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии маро ба муносибати пирӯзии эътимодбахш ва аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард.
Хеле шодам, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.
Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид.
Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намоям”.
Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро Морос, чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ
Хеле хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар якҷоягӣ бо мардуми Венесуэла ба Ҷаноби Олӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон баён намуда эътиқоди амиқ дорад, ки бунёди ҷаҳони одилона ва мутавозини бисёрқутба ва таҳкими фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар дар он имконпазир мебошад.
Ҳамзамон, ба Шумо хушбахтӣ ва ба мардуми бародари тоҷик шукуфоии тоза ва бардавом дар марҳалаи нави роҳбарии Шумо хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред”.
Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел Бермудес дар барқияаш навиштааст:
“Муҳтарам Президент.
Шуморо ҷиҳати бори дигар ба симмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон аз самими қалб табрик намуда, ҳамзамон саъю талоши худро барои минбаъд ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона, ки кишварҳои моро ба ҳам мепайванданд, таъкид месозам.
Лутфан эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.
Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуд Аббос зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси хушнидии беинтиҳои ин ҷониб аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва аз номи худам, ба муносибати пирӯзӣ ва комёб гардиданатон дар интихоботи президентӣ ва барои давраи нави роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоду боварии халқро соҳиб гардиданатон сидқан табрику муборакбод намоям.
Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, волотарин таманниёти расидан ба азму ҳадафҳоятон ва ба мардуми сарбаланди тоҷик барору муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Мо тамоми он арзишҳоеро, ки халқу давлатҳоямонро ба ҳам мепайванданд, азиз медонем ва минбаъд низ саъю кӯшишҳои судманди хешро баҳри рушду тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаамон роҳандозӣ хоҳем кард.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии нав ба навро хоҳонам”.
Ҳамчунин табрикот аз номи Шайх Мишъал Ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – Валиаҳди Давлати Кувайт ворид гардид.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






