ТАСС: Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба мувофиқа расиданд

Октябрь 10, 2020 09:59

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар» /. Арманистон ва Озарбойҷон пас аз машваратҳо дар Москва изҳорот қабул карданд. Ҷонибҳо бо ҳадафи башардӯстона барои табодули маҳбусон ва инчунин ҷасади фавтидагон дар бораи оташбас аз соати 12:00-и 10 октябр ба мувофиқа расиданд. Матни изҳороти муштаракро имрӯз вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров қироат намуд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар матн зикр мешавад, ки ин санад дар посух ба муроҷиати президенти Россия Владимир Путин мутобиқ ба созишҳои сарони давлатҳои Россия, Арманистон ва Озарбойҷон қабул шудааст.

“Аз соати 12:00-и 10 октябри соли 2020 бо ҳадафи башардӯстона барои табодули асирони ҳарбӣ, дигар боздоштшудагон ва ҷасадҳои фавтидагон, бо миёнаравӣ ва мутобиқи меъёрҳои Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх оташбас эълон карда мешавад”, — омадааст дар изҳорот.

«Асосҳои мушаххаси режими оташбас ба таври илова мувофиқа карда мешаванд», — гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат.

Ғайр аз ин, Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнаравии ҳамраисони Гурӯҳи минскии САҲА ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ба таври мусолиматомез ҳал намудани вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба музокироти моҳиятӣ шурӯъ кунанд.

«Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон бо миёнаравии ҳамраисони Гурӯҳи минскии САҲА дар асоси принсипҳои асосии созиш музокироти моҳиятиро бо мақсади ҳарчи зудтар ба даст овардани сулҳ оғоз мекунанд», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

«Тарафҳо тағйирнопазирии шакли раванди гуфтушунидро тасдиқ мекунанд», — зикр шудааст дар сархати чоруми изҳорот.

Хотиррасон менамоем, ки вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон бо даъвати президенти Россия 9 октябр барои машварат доир ба Қарабоғи Кӯҳӣ ба Москва омаданд. Музокироти вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Озарбойҷон ва Арманистон беш аз 10 соат идома кард.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2020 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид