ТАСС: Ситоди нозирони ИДМ ба раванди омодагиҳо ба интихоботи президент дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Октябрь 7, 2020 11:59

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар/. Роҳбари Ситоди Намояндагии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Евгений Козяк сатҳи омодагии Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Тоҷикистонро  ба интихоботи президентӣ, ки 11 октябр таъйин шудааст, баҳои баланд медиҳад. Дар ин бора вай ба ТАСС рӯзи сешанбе, 6 октябр хабар додааст.

«Дар ин давра мо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон боздид намудем. Таассуроти мо аз боздиди ноҳияҳо ва шиносоӣ бо кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот бисёр мусбат аст, зеро корҳои зиёди ташкилӣ ба анҷом расидаанд», — хабар додааст Козяк. Ба андешаи ӯ, ҳангоми интихоботи парлумонии моҳи марти имсол дар Тоҷикистон омодагӣ ба андозаи кофӣ дар сатҳи  баланд буд, «сарфи назар аз кори азими вобаста ба  пандемия, ташкилкунандагони интихобот тамоми имконро истифода карданд, ки интихобот аз лиҳози ташкилӣ дар сатҳи баланд баргузор шавад».

«Мо махсусан аз омодагӣ дар самти чорабиниҳои зидди эпидемиологӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи аъзои комиссияҳои интихоботӣ, овоздиҳандагон дар арафа ва рӯзи интихобот ба ҳайрат афтодем: таъминоти воситаҳои ҳифозати инфиродӣ, безараргардонии биноҳо ва ҷойҳои корӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ», — зикр намуд мусоҳиб.

Намояндагии нозирон 21 сентябр ба мониторинги маъракаи интихобот шурӯъ кард ва дар айни замон дар ҳайати он 96 нозир аз Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Россия ва Ӯзбекистон аккредитатсия шудаанд. Дар ин ҷамъ инчунин намояндагони Ассамблеяи байнипарламонии кишварҳои узви ИДМ, Ҷаласаи парлумонии Беларус ва Россия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, ки дар байни онҳо вакилони парлумонҳои миллӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, комиссияҳои интихоботии кишварҳои ИДМ ҳузур доранд, шомил мебошанд. Дар айни замон ҳафт нозир ба таври тӯлонӣ кор мекунанд ва фаъолияти онҳоро ситоди Намояндагӣ  дар Душанбе ҳамоҳанг мекунад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. Муддаиёни ин вазифа панҷ нафар мебошанд: сарвари кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ.

Президенти Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол интихоб мешавад. Сарвари давлат номзаде эътироф мешавад, ки зиёда аз 50% овозҳоро ба даст биоварад. Интихоботи президентии қаблӣ 6 ноябри соли 2013 баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон бо касби 83,9% овозҳо (беш аз 3 миллион) ва иштироки беш аз 86,6% интихобкунандагон пирӯз шуда буд.

                                                 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2020 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид