ТАСС: Ситоди нозирони ИДМ ба раванди омодагиҳо ба интихоботи президент дар Тоҷикистон баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар/. Роҳбари Ситоди Намояндагии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Евгений Козяк сатҳи омодагии Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Тоҷикистонро ба интихоботи президентӣ, ки 11 октябр таъйин шудааст, баҳои баланд медиҳад. Дар ин бора вай ба ТАСС рӯзи сешанбе, 6 октябр хабар додааст.
«Дар ин давра мо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон боздид намудем. Таассуроти мо аз боздиди ноҳияҳо ва шиносоӣ бо кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот бисёр мусбат аст, зеро корҳои зиёди ташкилӣ ба анҷом расидаанд», — хабар додааст Козяк. Ба андешаи ӯ, ҳангоми интихоботи парлумонии моҳи марти имсол дар Тоҷикистон омодагӣ ба андозаи кофӣ дар сатҳи баланд буд, «сарфи назар аз кори азими вобаста ба пандемия, ташкилкунандагони интихобот тамоми имконро истифода карданд, ки интихобот аз лиҳози ташкилӣ дар сатҳи баланд баргузор шавад».
«Мо махсусан аз омодагӣ дар самти чорабиниҳои зидди эпидемиологӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи аъзои комиссияҳои интихоботӣ, овоздиҳандагон дар арафа ва рӯзи интихобот ба ҳайрат афтодем: таъминоти воситаҳои ҳифозати инфиродӣ, безараргардонии биноҳо ва ҷойҳои корӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ», — зикр намуд мусоҳиб.
Намояндагии нозирон 21 сентябр ба мониторинги маъракаи интихобот шурӯъ кард ва дар айни замон дар ҳайати он 96 нозир аз Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Россия ва Ӯзбекистон аккредитатсия шудаанд. Дар ин ҷамъ инчунин намояндагони Ассамблеяи байнипарламонии кишварҳои узви ИДМ, Ҷаласаи парлумонии Беларус ва Россия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, ки дар байни онҳо вакилони парлумонҳои миллӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, комиссияҳои интихоботии кишварҳои ИДМ ҳузур доранд, шомил мебошанд. Дар айни замон ҳафт нозир ба таври тӯлонӣ кор мекунанд ва фаъолияти онҳоро ситоди Намояндагӣ дар Душанбе ҳамоҳанг мекунад.
Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. Муддаиёни ин вазифа панҷ нафар мебошанд: сарвари кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ.
Президенти Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба муддати ҳафт сол интихоб мешавад. Сарвари давлат номзаде эътироф мешавад, ки зиёда аз 50% овозҳоро ба даст биоварад. Интихоботи президентии қаблӣ 6 ноябри соли 2013 баргузор ва Эмомалӣ Раҳмон бо касби 83,9% овозҳо (беш аз 3 миллион) ва иштироки беш аз 86,6% интихобкунандагон пирӯз шуда буд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






