ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ мувақатан маҳдуд мегардад
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони И.Сомонӣ 30 октябри соли 2020 аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ — гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар дод.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






