Тоҷикистон ҳафт соли оянда таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи он аст, ки зарфи 7 соли оянда ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи расидан ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муваффақ мегардад. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода баъд аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба таври бошукӯҳ дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон афзуд, ки дар ҳафт соли минбаъда 123 миллиард сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ гардидани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ далели он аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тавсеаи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа – илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд, зеро рушди соҳаҳои зикргардида ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






