Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҷаласаи сеюмро дар шакли видеоконфронс баргузор карданд

Октябрь 15, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар шакли видеоконфронс ширкат варзид.

Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа сарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ таҷрибаи вокуниш нисбат ба тавсеаи уфунати коронавирусро табодул карданд, кӯшишҳои эҳтимолии муштаракро ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии пандемия ва баланд бардоштани иқтидори зиддибуҳронии тарафҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мавриди иқдоми Ҳукумати кишвар дар самти мубориза бо тавсеаи сирояти коронавируси нав маълумот дод. Зикр шуд, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ таъсис ёфта, кори Хадамоти санитарӣ — эпидемиологӣ фаъол гардонида шудааст. “Стратегияи пешгирии таъсири пандемия ба иқтисодиёт” таҳия ва қабул шудааст. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири сирояти COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасвиб ва интишор ёфтааст, — иброз намуд вазир.

Вазирон ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар ин замина С. Муҳриддин зарурати ноил шудан ба сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсояро зикр карда, гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси Раванди Истанбул оид ба Афғонистон барои мувофиқа намудани чораҳои вобаста ба расонидани кумаки амалӣ ба ин кишвар кӯшиши зарурӣ ба харҷ хоҳад дод.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дурнамои татбиқи ташаббусҳои калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россияро дар бахши транзитӣ — логистикӣ муфассал муҳокима карданд.

Бо таъкид бар афзалияти робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия С. Муҳриддин иброз дошт, ки сарфи назар аз буҳрон тамоюли мусбат дар тиҷорати мутақобилаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо мушоҳида мешавад ва нишондиҳандаи умумии савдои тарафайн дар 8 моҳи соли 2020 тақрибан ба 1 миллиарду 480 миллион доллар расидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирон оид ба самтҳои стратегии ҳамкорӣ қабул шуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 15, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд