«Агротехникаи кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар заминҳои лалмии мавзеи Олимтой». Таҳти чунин унвон дар Данғара семинари илмии омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Агротехникаи кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар заминҳои лалмии мавзеи Олимтой»-и ноҳияи Данғара семинари илмии омӯзишӣ доир гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони ноҳияҳои вилоят ва дигар намояндагони соҳаи кишоварзии мамлакат иштирок намуданд.
Дар семинари илмии омӯзишӣ маҳсулоти ғалладонагӣ, аз ҷумла навъҳои гандуми “Наврӯз”, “Ормон”, “Фарҳад-60”, “Анварӣ” ва дигар намудҳо, инчунин техникаҳои барои кишти тирамоҳӣ нигаронидашуда намоиш дода шуданд. Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар намояндагон аз заминҳои кишти тирамоҳии ноҳияи Данғара дидан намуданд.
Дар семинар аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба кишт ва парвариши маҳсулоти ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум маърӯза ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшида, хоҷагидоронро ба рияои қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои корӣ таъсис дода мешаванд.








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






