Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб доир гардид

Ноябрь 25, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб доир гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумониро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парлумониро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобила маънидод карданд.

Тавре таъкид гардид, имрӯз муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Россия рӯ ба рушд буда, мулоқоти имрӯза шаҳодати барҷастаи он ба шумор меравад.

Бо кӯшиши тарафайн ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва пеш аз ҳама, соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд.

Тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Россия на танҳо ифодаи иродаи Роҳбарияти олии сиёсии ду давлат, инчунин саҳми парлумонҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин самт нақши муҳими фаъолияти пурсамари Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро таъкид намудан ба маврид аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита зикр намуданд, ки ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад.

Ва амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад, ки он масъалаҳои зерин, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкории соҳибкорони ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.

Иштирокдорони маҷлис ба Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия дар роҳи таҳкими муносибатҳои гуногунпаҳлӯи байни ду давлат барору комёбӣ орзу намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дидан карданд.

ДАР АКС: мулоқоти ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, 24.11.2020. Акс аз Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҶТ

Ноябрь 25, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд