Ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раисони судҳои олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳои давлатҳои аъзои ИДМ, ки тариқи видеоконфронс доир гардид, масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯрои раисони судҳои олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки баҳсҳоро дар соҳаи иқтисодиёт ҳал мекунанд, матраҳ шуданд.
Аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласа таҳти раисии Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Вячеслав Лебедов баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси Кумитаи иҷроия-бахши иҷроияи ИДМ В.Гуманский, аъзои Шӯро -Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, раисони судҳои олии Қазоқистон, Қирғизистон, намояндаи ваколатдор, судяи палатаи маъмурӣ-граждании суди кассатсионӣ, аъзои Шӯрои олии судии Ҷумҳурии Арманистон иштирок ва сухан карданд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зикр намуд, ки Шӯро дар рушди низоми судӣ, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими татбиқи ягонаи қонунгузории давлатҳои аъзо нақши муассир дорад. Давлатҳои иштирокчии Шӯро баҳри такмили муносибатҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ, таъмини иҷрои санадҳои судӣ дар ҳудуди давлати иштирокчӣ, табодули мунтазами таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои истеҳсолоти судӣ зимни баамалбарории адолати судӣ тадбирҳои дахлдор андешида истодаанд.
Дар ҷаласа лоиҳаи Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии ИДМ матраҳ гардида, дар ин раванд Мавлуда Қаландарзода мавқеи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баён намуда, пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти он ки дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ низоми мустақили ҳокимияти судӣ мебошад, ба ҳайати Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии ИДМ раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ шомил карда шаванд.
Дар фарҷом доир ба масъалаҳо қарори Шӯрои раисони судҳо дар бораи ҷонибдорӣ намудани Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии ИДМ қабул гардид.








Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд






