ҲАР БАДӢ ДАР ҚИБОЛИ ХУД ХУБӢ ДОРАД. Асари мусбат ва ғайричашмдошти пандемияи коронавирус номбар гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар бадӣ дар қиболи худ хубӣ дорад: пандемияи коронавирус ба муҳити атроф таъсири мусбат расондааст. Ва русҳо бештари вақти худро дар домони табиат мегузаронанд. Чунин нуқтаи назарро Роман Пукалов, директори барномаҳои экологии созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Патрули сабз» зимни мусоҳиба бо радиои Sputnik иброз доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, мардум акнун кӯшиш мекунанд, ки ба беруни шаҳр бираванд, мехоҳанд ба таври «фосилаӣ» кор кунанд ва бо мошинҳо камтар гаштугузор кунанд. Бисёриҳо соҳиби қитъаҳои хурди замини худ шудаанд, ки бояд нисбат ба онҳо ғамхорӣ карда шавад. Ва шахсе, ки қитъаи замин дорад, бо табиати атроф тамоман ба тарзи дигар муносибат карданро оғоз мекунад, чунин меҳисобад Пукалов.
Аммо, аз тарафи дигар, пандемия ба муҳити зист таъсири манфӣ расонид. Аз ҷумла, миқдори зиёди партовҳо аз ҳисоби ниқобҳои якдафъаина, борҷомаҳои маводи антисептикӣ ва полиэтиленӣ пайдо шуданд.
Қаблан, коршиносон гуфта буданд, ки экология бо сабаби маҳдудияти гуногун то чӣ андоза беҳтар шудааст. Пандемия боиси бузургтарин коҳиши партовҳои ифлоскунандаи фазо ва беҳтар шудани сифати ҳаво дар ҷаҳон гардид, гуфт Борис Моргунов, директори Институти экологияи Мактаби олии иқтисодӣ. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби пандемия нисбат ба буҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 6 маротиба ва нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз ду маротиба коҳиши партовҳо зиёдтар шудааст. Сабабҳои ин — коҳиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳаҷми истеҳсолот, истеъмоли неруи барқ ва кам шудани маҷроҳои нақлиётӣ мебошанд.
АКС: static.ngs.ru








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






