«Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ноябрь 16, 2020 12:00

 ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони  “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар конфронси мазкур намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ,  гирандагони стипендияҳои президентӣ ва шаҳрӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуда, дар мавзӯъҳои марбут ба конференсияи мазкур маърузаҳо пешниҳод намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки “таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихор аст, зеро он рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои  нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад”.

Ба зикри номбурда, имрӯз ҳар ҷавони мамлакат нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар ташаккули давлатдории навин, эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, талошҳои пайваста  дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эҳсос намуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки  дар паҳлуи Сарвари давлат истода, ҷиҳати пешрафи ин сарзамин саҳм гузорад.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеа қувваи бузург меҳисобанд. Аз ин рӯ ҷавонон бояд ифтихор намоянд, ки идомадиҳандаи таърих, фарҳанг ва миллати куҳанбунёд ҳастанд. Имконоти фароҳамомада дар фаъолияти ҷавонон гувоҳи он аст, ки ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд”.

Ноябрь 16, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст