Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Рашт 12 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Ноябрь 17, 2020 12:14

РАШТ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 12 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иншооти баистифодадодашуда  китобхона, майдончаи варзишӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 33-и ноҳия барои 300 нафар хонанда дар ду баст, корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори дар як ҳафта сад ҳазор дона ва марказҳои хизматрасонию соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Сурхобу  Сорбоғ буда,  асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудаанд.

Дар ҳамоиши тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои мамлакати мо дар зарфи 29 соли охир натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки он кас миёни аҳолии мамлакат ва ҳазорон нафар ҳамватанони бурунмарзии мо пайдо кардаанд. Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва меъмори давлатдории навини тоҷиконро мебинанд.

Дар ноҳияи Рашт  бахшида ба ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 315 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 220 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар деҳаи дурдасти Лангараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх солҳо боз ҷавонон ба майдончаи варзишии замонавӣ эҳтиёҷ доштанд. Ин мушкилии  онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии  аҳолии деҳа дар муддати ду моҳ бартараф карданд. Акнун ҳамарӯза даҳҳо нафар ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд, то оянда маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳанд.

Дар маркази шаҳраки Новобод бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони саховатманд бунёди се иншоот-истгоҳи замонавӣ, дӯкони гӯшт ва маркази тиҷоратиро анҷом доданд.

Соҳибкори маҳаллӣ Мирзохуҷа Ғиёсов дар соҳили дарёи Сорбоғ коргоҳи сангу шағал бунёд намудааст, то дар оянда коргарони ин корхона сохтмонҳои ноҳияи Раштро бо масолеҳи маҳаллӣ таъмин намоянд. То ҳамин давра дар инҷо чунин коргоҳи сангу шағалмайдакунӣ мавҷуд набуд.

Дар деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум бо иқдоми соҳибкорон 2 километр роҳи мошингард асфалтпӯш гардид. Инчунин ба истифода додани се истгоҳ дар шаҳраки Ғарму деҳаи Ҷафр ва Мулло Барот, чароғон намудани кӯчаи деҳаи Ҳоит, таъмири канали Туркон ва сохтмони осиёби обӣ дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорон мебошад, ки барои рушди деҳот бунёд шудаанд.

Ноябрь 17, 2020 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд