Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид.
Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






