Беҳтарин ҳунарманди армуғонсози Хуҷанд муайян шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи фарҳанги Суғдиён» -и шаҳри Хуҷанд Озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор гардид. Ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст намуда, беҳтарин ҳунармандони армуғонсозро муайян карданд. Ҷои якумро ҳунарманд Матлуба Ниёзова, мақоми дуюмро Мавҷуда Ҳакимова ва ҷои сеюмро Мақсудҷон Бобоев соҳиб гардиданд. Ғолибон бо «Диплом» ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Тавре аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур довталабон-ҳунармандон маҳсулоти дастии худро, аз ҷумла, кордҳо, ороишоти аз мўҳра бофташуда, қолинчаҳо ва дигар осори рассомиро, ки ҳамчун армуғон аз ҷониби сайёҳон харидорӣ мешаванд, ба намоиш гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» дар асоси икдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории он ҳавасмандгардонии ҳунармандони мардумӣ ва рушди ин соҳа дар мамлакат мебошад.









Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






