БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФ. Бори нахуст аз фанни физика барои дарёфти Ҷоми АМИТ озмуни шаҳрӣ оғоз гардид

Ноябрь 12, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/ бори нахуст байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе аз фанни физика барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  озмуни шаҳрӣ оғоз гардид. Озмун дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020-2040 ташкил гардидааст.

Зимни ифтитоҳи озмун президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки илм як самти хосси фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои объективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳои воқеист. Илм аз низоми ягона, ҳамбаста ва ривоҷёбандаи донишҳо оид ба олами берун ва қонунияти инкишофи он иборат аст. Дар баробари ин илм як ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги инсонист; кашфиёти он ба унвони донишҳои муназзами объективӣ дар бораи ҳастии моддию маънавӣ дар радифи дастовардҳои бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ қадру арзёбӣ мешаванд. Аз ин маънӣ, сатҳи камолоти илмро дар ҷомеа нишондиҳандаи асосии дараҷаи рушди фарҳанги моддию маънавии миллат ва кафолати тараққиёти бемайлони давлати миллӣ ҳисоб кардан ҷоиз аст. 

Ҳадафи асосии баргузор намудани озмун байни хонандагони муассисаҳои таълимиро президенти АМИТ дар дарёфти истеъдодҳо ва рушд додани қобилияти эҷодию зеҳнӣ маънидод намуд.

Ҳамзамон директорони Институти физика ва техникаи ба номи С. Умаров Фарҳод Шокир, Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова ва дигарон сухан карда, хонандагонро бо фаъолияти ин пажӯҳишгоҳҳои илмӣ шинос намуданд.

Озмун дар Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови АМИТ идома меёбад. Хонандагон бо озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шинос шуда, дар лексияҳои академикҳо, аъзо-корреспондентҳо ва директорони институтҳои соҳавии АМИТ иштирок менамоянд.

Олимпиада дар ду марҳила баргузор мешавад. Марҳилаи аввали озмун дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар байни хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал ба даври дуввуми ниҳоӣ, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотии АМИТ баргузор мешаванд, беш аз 40 нафар ғолибон роҳ дода мешаванд.

Аз соли 2014 инҷониб АМИТ барои Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни донишҷӯён олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд. Озмуни навбатӣ аз озмуни қаблӣ аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад. Масалан, он дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои муайян: физика — 12-13 ноябр, математика — 19-20 октябр, химия — 26-27 ноябр, география ва геология 3-4 декабр, биология ва зоология — 10-11 декабр гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур аз 12 ноябр то 11 декабр идома меёбад.

Ноябрь 12, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад