Боғи фарҳанги шаҳри Турсунзода тибқи талаботи шаҳрсозию меъморӣ навсозӣ мегардад
ТУРСУНЗОДА, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҷдиду навсозӣ ва сохтмони иншооти гуногун муташаккилона идома дорад. Аз ҷумла, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мегардад, ки имрӯзҳо корҳои навсозии он бо сифати баланд идома доранд.
Сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Турсунзода Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, ки навсозии боғи фарҳангию фароғатӣ тибқи лоиҳа ва бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ амалӣ шуда, сохтмончиён таҷдиди хатҳои интиқоли барқ ва қубурҳои обгузарро ба итмом расонидаанд. Корҳо дар самти бетонрезии фаввораҳо, ҷӯйборҳо, ҳамвор намудани роҳравҳо ва омодасозии сутунпояҳо барои чароғонкунии боғ дар авҷанд.
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни миллӣ сохтмони зиёда аз 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда 190 иншоот, аз ҷумла сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






