Бо шарофати хизматҳои шоистаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатии худро таҳким бахшид

Ноябрь 16, 2020 15:54

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгириву хизматҳои шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатии худро таҳким бахшида, инкишофи бемайлонро соҳиб гашта истодааст. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ  дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад.

Ин нуктаро профессор Муҳиба Маҳмадҷонова зимни мизи мудаввар  таҳти унвони “Президент-кафили боэътимоди рушди забони давлатӣ”, ки имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,  баён намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар  мизи мудаввар забоншиносони тоҷик таъкид намуданд, ки омӯзиш ва таҳқиқи ақидаҳои забоншиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назарияи бунёдии рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҷомеа бояд ба роҳ монда шавад.

Забоншиносони тоҷик дар ин рӯзи фараҳманд ҳамчун рамзи эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ибрози андеша намуда, асарҳои мондагору безавол, арзишманду бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ  доданд.

Аз ҷумла, дар ҳамоиш узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи “Чанд мулоҳиза оид ба китоби Эмомалӣ  Раҳмон- “Забони миллат-ҳастии миллат””, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот – “Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ”, доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов — “Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ”,  сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, доктори илми фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова“-“Забон чун омили ваҳдати миллати тоҷик”, муовини Раиси Кумитаи мазкур профессор Сахидод Раҳматуллозода-“Президент муттакои нахустунсури тафаккури миллӣ” ва дигарон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Бино ба зикри Сахидод Раҳматуллозода, шахсияти барҷаста ва пуштибони воқеи миллат ва рукнҳои давлатдорӣ-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақу ривоҷи забон тамоми имконотро истифода менамоянд. Ҳатто дар душвортарин ҳолатҳо барои ҷашни забон шароит фароҳам сохтаанд. Бузургдошти забони давлатӣ- ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаҳои марбут ба забон дар сархати андешаҳои иҷтимоию сиёсии Пешвои миллат қарор доштаву доранд, ки барои пешрафти ҳамаҷонибаи забони давлатӣ мусоидат мекунанд.

Инчунин таъкид шуд, ки маҳз бо кӯшишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 2008 — Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола 5 октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо барои рушду равнақи забони тоҷикӣ фазои муносиб фароҳам сохтанд.

Ноябрь 16, 2020 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид