Дар ҷаҳон зиёда аз 613 ҳазор нафар дар як шабонарӯзи охир ба коронавирус сироят ёфтанд

Ноябрь 28, 2020 12:49

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон давоми 24 соати охир беш аз 613 ҳазор зиёд шуда, аз 62 миллион нафар гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Шумораи фавтидагон беш аз 10 ҳазор афзуда, аз 1 миллиону 444 ҳазор нафар гузашт.

Омори СУТ танҳо маълумоти расман тасдиқшуда дар бораи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки давлатҳо пешниҳод кардаанд, ба назар мегирад. Рӯзи 28 ноябр СУТ дар бораи 62 004 949 ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 ва 1 449 308 фавт маълумот гирифт. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 613 237 ва фавт 10 821 нафар зиёд шуд.

Иёлоти Муттаҳида Америка аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои аввал мебошад — 13 454 346. Баъд аз он Ҳиндустон (9 351 224), Бразилия (6 238 350), Россия (2 215 533), Франсия (2 196 119), Испания (1 646 192), Британияи Кабир (1 589 301), Италия (1 538 277), Аргентина (1 407 277), Колумбия (1 290 510), Мексика (1.090.675) ва Германия (1 027 325) қарор доранд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 28, 2020 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд