Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» давраи омӯзишӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» гузаронида мешавад.
Дар доираи маъракаи мазкур бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» барои раисони Шӯрои занон ва кумитаи маҳаллаҳо дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» давраи омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Муяссара Болтабоева ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Гулҷаҳон Умарова оид ба ҷараёни амалишавии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Дар омӯзиши мазкур ҳамчунин раисони Шӯрои занон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок карда, сухан гуфтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






