Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба рушди инноватсионии илм ва таълим Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 68-умин Конфронси солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, меҳмонон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Германия, Озарбойҷон, Украина ва ИМА ба таври онлайн иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат, инчунин дар рушди илми тиб нақши калидӣ мебозад. Ҳамоиши илмии имрӯза баҳри натиҷагирии фаъолияти илмии донишгоҳ, таҳлили амиқи илмии мушкилот ва дар ин замина тарҳрезии тадқиқоти илмӣ нақши муассир мегузорад.
“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, дар Стратегияи миллии рушди мамлакат то соли 2030 сармояи инсонӣ ҳадафи олии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зимни вохӯрӣ бо олимони ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо вазифаҳои нав гузоштанд, ки инро оғози марҳилаи нави рушди илм донистан мумкин аст. Дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллӣ пайдо намуда, илмҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Академия муайян гардид”,- гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳо, сабабҳои чоп нагардидани мақолаҳои илмии олимон ва муаррифӣ нагардидани илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳз ҷавобгӯ набудани дизайни тадқиқот ва усулҳои таҳлил аст, ки барои бартараф шудани мушкилот имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд дода шавад.
“Бояд гуфт, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ва пояи устуавори моддиву техникӣ роҳандозӣ намудани тадқиқоти зарурӣ ғайриимкон аст. Вобаста ба ин роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири озмоишӣ дастрас намояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ то соли 2025 бунёди Пажӯҳишгоҳи тиббии фундаменталӣ ба ҳисоб меравад”,-гуфт М. Гулзода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии фосилавӣ зикр намуд, ки “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии илмии олимону донишмандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Имсол ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ дар шароите доир мегардад, ки хурӯҷи пандемияи COVID-19 боиси ташвиши ҷиддии мардуми сайёра гашта, бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъда ва дарёфти ваксинаи мувофиқи он дар машҳуртарин озмоишгоҳу марказҳои эпидемиологии дунё тадқиқоти олимону профессорон идома дорад. Хушбахтона, аз рӯзи нахустини бақайдгирии ваксинаи аввалин дар Россия ва Амрико маълумот интишор шуданд, ки ин аз қудрату тавоноии илми тибби муосир алайҳи ҳама гуна хавфу хатарҳои эпидемиологӣ гувоҳӣ медиҳад”.
Ҳамчунин дар конфронс дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои хориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд.
Мавзуъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», «Физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар конфронс 188 маърӯзаи илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки 71 маърӯза аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ворид шудаанд.
Дар хотимаи конфронс резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои олимони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
















Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






